ФБД ба зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соли 2025 ба зиёда аз 2 миллиону 160 ҳазор мусофир хизмат расонидааст. Аз ин шумора 1 миллиону 60 ҳазору 746 нафарро мусофирони омада ва 1 миллиону 99 ҳазору 502 нафарро мусофирони рафта ташкил медиҳанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Зайнулло Шарифзода хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» қабулшуда ва интиқолёфта 2 ҳазору 394 тоннаро ташкил дод. 346 тоннаи онро бори содиротӣ ва 2048 тоннаро бори воридотӣ ташкил додааст.

ХАДАМОТИ МАЪЛУМОТДИҲӢ

+992 37 227 21 79

Макон

734012, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе,
куч.М. Мастангулов, 32/2

Почтаи электронӣ

info@airport.tj